Illustration Имзо

ҚАДАМ 1: Имзои Аҳдномаи Мэрҳо

Ширкат дар ташаббуси сиёсии ҷиддӣ

Бо имзои худ шумо чизи бештареро аз изҳороти оммавӣ амалӣ мекунед: Ҷомеаи маҳаллии шумо ба ҳиссагузорӣ ба ташаббуси бузурги энергетикӣ ва иқлимии Аҳднома шурӯъ мекунад. Твассути Аҳдномаи Мэрҳо шумо дар ҷунбише ширкат меварзед, ки мақомоти маҳаллии дорои ҳадафҳои яксонро ба ҳам меорад. Шумо метавонед таҷрибаи ҳудуди худро мубодила кунед ва аз мисолҳои минтақаҳои дигар баҳра бардоред. Ин саҳифа ҳадди ақалл шуморо бо маълумот, идеяҳо ва иқдомҳои мушаххас дар самти ҳадафи умумӣ -20 % CO2 то соли 2020... таъмин менамояд!

Саволҳо?

  1. Кӣ метавонад ҳамроҳ шавад?
  2. Чаро бояд ҳамроҳ шуд?
  3. Чигуна бояд ҳамроҳ шуд?
  4. Кай бояд ҳамроҳ шуд?

Ӯҳдадории бузург

Ҳамаи имзокунандагони Аҳдномаи Мэрҳо ба худ ӯҳдадории ихтиёрӣ ва яктарафа мегиранд, ки ҳадафи умумии Аҳдномаро оид ба коҳиш додани партови CO2 барзиёд иҷро кунанд

Имзокунандагони Аҳднома мақсад доранд, ки то соли 2020 партови CO2-ро зиёда аз 20 % коҳиш диҳанд. Онҳо ин корро тавассути таҳияи сиёсати энергияи устувори маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ки он зарфияти мувофиқи маъмуриро барои амалӣ кардани чорабиниҳои самаранокии энергия ва энергияи навшаванда талаб менамояд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, мақомоти маҳаллӣ ӯҳдадориҳои зерин мегиранд:

  • Омода кардани Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо (МАП) пас аз як соли ҳамроҳшавӣ;
  • Пешниҳод кардани Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї (НФРУЭ), ки пас аз як соли ҳамроҳшавӣ аз ҷониби шӯрои шаҳрдорӣ тасдиқ карда шудааст;
  • Мунтазам – як маротиба дар ҳар 2 сол пас аз пешниҳоди НФРУЭ – нашр кардани Ҳисоботҳои Амалисозӣ бо нишон додани сатҳи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо ва натиҷаҳои фосилавии он;
  • Пешбурди фаъолият дар доираи НФРУЭ ва ҷалби шаҳрвандон/ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ташкили мунтазами Рӯзҳои Маҳалли Энергия;
  • Паҳн кардани ғояи Аҳдномаи Мэрҳо, махсусан тавассути ҳавасманд кардани мақомоти маҳаллӣ ба ҳамроҳшавӣ ва ҳиссагузорӣ дар рӯйдодҳои назаррас ва семинарҳои мавзӯӣ.

Маълумоти иловагї: Роњбарият оид ба тањия намудани НФРУЭ дар шањрњои Шарики Шарќї ва Осиеи Марказї

Ӯҳдадории сиёсии расмии имзокунандагон бояд ба чорабиниҳо ва лоиҳаҳои мушаххас табдил ёбад. Ҳамчун имзокунанда, мақомоти маҳаллии шумо розӣ мешавад, ки даро боари НЧЭУ ҳисобот диҳад ва назорат карда шавад. Он инчунин розӣ мешавад, ки дар сурати мутобиқат накардан ширкати мақомоти маҳаллӣ дар Аҳднома қатъ мегардад

Лутфан бо принсипҳо ва иқдомҳои асосие ошно шавед, ки имзокунандагони Аҳднома бояд ҳаноми таҳияи НЧЭУ ба назар гиранд. Ин принсипҳо ба ӯҳдадориҳои ҳангоми имзо кардани Аҳднома гирифташуда такя мекунанд ва омилҳои асосии муваффақият мебошанд.

Барои маълумоти иловагӣ бо мизи дастгирӣ тамос гиред.

Саволҳо?

  1. Имзокунандагони Аҳднома бояд кадом ӯҳдадориҳоро иҷро кунанд?
  2. Бар ивази ин имзокунандагони Аҳднома чиро ба даст меоранд?
Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ